Раҳимов бо парчаму костюми гулдузӣ: гузашти мунтахаби Тоҷикистон дар Токио

Парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ҷудокор Темур Раҳимов парафшон кард. Ӯ ба фарқ аз дигар варзишгарон костюми гулдузишуда дар тан дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бозиҳои олимпии тобистонаи Токио - 2020 расман рӯзи 23 июл ба кор оғоз кард.
Маросими ифтитоҳи ин бозиҳо аллакай анҷом ёфтааст ва мунтахаби Тоҷикистон таҳти рақами 105 - ум аз маросим гузаштанд.
Пешопеши мунтахаби олимпии Тоҷикистон паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов бо парчами Тоҷикистон қадам гузошт.
Темурпаҳлавон дар тан костюми кабудранги гулдузишуда дошт. Боқимонда варзишарон либоси расмӣ дошанд ва дар дасти ҳамаи онҳо парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекард.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ташхиси мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз COVID -19 дар Токио маълум шуд: мусбат ё манфӣ
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020, 10 варзишгар: муштзанҳо - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, дар риштаи варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев, дар ҷудо - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва дар шиноварӣ Анастасия Тюринаю Олимҷон Ишанов намояндагӣ мекунанд.
Қаблан аз иштироки 11 варзишгар хабар дода шуд, вале Гулсунбӣ Шарифова, давандаи тоҷик ба далели бардоштани ҷароҳат натавонист дар ин бозиҳо ҳузур пайдо кунад.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз 23 июл то 8 август идома мекунад.
Сабқат барои варзишгарони тоҷик рӯзи 24 июл оғоз мешавад. Бояд гуфт, ки аз миёни 10 варзишгари тоҷик 7 нафар бори нахуст дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд.