ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Юан метавонад пули нави ҷаҳонӣ шавад. Михаил Коган, сардори шӯъбаи таҳқиқоти таҳлилии Мактаби олии менеҷменти молиявӣ дар ин бора дар мусоҳиба бо оҷонсии "Прайм" гуфтааст.
Вай гуфт, ки кишварҳо долларро дар амалиёти пардохт камтар истифода мебаранд. Бисёр давлатҳо амалиётҳоро бо асъори дигар анҷом медиҳанд, қайд кард коршинос.
Коган таъкид кард, ки евро ба бартарияти доллар зарба зад. Афзоиши маъруфияти юан ба асъори амрикоӣ низ таъсири шадид гузошт. Ин вазъ тааҷҷубовар нест. Дарвоқеъ, имрӯз юан ба пули дуввум ё сеюм дар захираи байналмилалӣ табдил ёфтааст, гуфт Коган.
Коршинос қайд кард, ки дар 50 соли оянда евро ва юан долларро аз мавқеи пешсаф дар гардиши ҷаҳонӣ иваз мекунанд.
Қаблан, Financial Times ва Saxo Bank аз ноустувории доллар дар шароити вазнин дар бозорҳои молиявии ИМА бинобар қобилияти сусти кишвар дар назорати таваррум ҳушдор дода буданд.
"Бо назардошти то чӣ андоза баланд шудани нархи дороиҳо, таназзули минбаъда дар бозорҳои фондӣ эҳтимолияти ғайримуқаррарӣ ва тӯлонӣ хоҳад дошт", - гуфтанд коршиносони нашрия.
Тибқи дурнамои Saxo Bank, доллар аз 76 то 80 рубл ва евро аз 91 то 96 боло хоҳад рафт.