ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Машқҳои низоми Русия дар Тоҷикистон сигналест ба шарикони Осиёи Марказӣ дар пасманзари ташаннуҷ дар Афғонистон, гуфт Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Русия, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо расонаҳои кишвар.
"Вазъи Афғонистон, муваффақиятҳои Толибон мардуми Осиёи Марказиро нигарон кардааст. Онҳо рӯйдодҳоро хело ба худ наздик қабул мекунанд ва ба чунин ҷузъиётҳое аҳамият намедиҳанд, ки толибон ба муноқишаҳои дохилии худ машғуланд. Бале, онҳо қаламравҳои таҳти назорати ҳукуматро ба дасти худ мегиранд. Фақат ҳамин. Онҳо марзро убур карданӣ ҳам нестанд ва барои убури он коре ҳам накардаанд", - гуфтааст Кабулов.
Дипломат афзуд, ки чунин тамринҳои низомӣ барои артиш муфиданд.
"Аз тарафи дигар, он ба аҳолии Осиёи Марказӣ сигналҳо мефиристад, ки ҳамааш хуб аст, мо ҳарбӣ ва нерӯ дорем. Бале, шояд лаҳзаҳои ташвишовар вуҷуд дошта бошанд, аммо барои ин мо нерӯҳои муштараки мусаллаҳ дорем, ки ин масъаларо ҳал хоҳанд кард, "- таъкид кард Кабулов.
Моҳи июн дар Афғонистон задухӯрдҳо байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва радикали Толибон (дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ) оғоз ёфт. Ҷангиён дар паси хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ бо нерӯи нав шиддат гирифтанд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо, бино ба иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тоаш зери назорати Толибон қарор гирифтаанд.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марзҳо бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.