ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Намояндаи ҷунбиши "Толибон"* Забиуллоҳ Муҷоҳид ба РИА Новости гуфтааст, ки тақрибан 90 дарсади марзҳо таҳти назорати ин ҳаракат мебошанд.
"Марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва тақрибан 90% - и марзҳо таҳти назорати мо мебошанд", - гуфт Муҷоҳид.
Пештар хабар дода шуд, ки ҷангҷӯён аз Чин ва Осиёи Марказӣ дар шимоли Афғонистон фаъол гаштаанд.
Ба гуфти мушовири президенти Афғонистон, намояндаи қавми ҳазора Муҳаммад Муҳаққиқ, решакан кардани чунин хатари террористӣ дар кишвар муҳим аст.
"Маълумот мавҷуд аст, ки гурӯҳҳои мухталиф мехоҳанд дар сафи ДИИШ * дар шимол аз Бадғис то Бадахшон дар тамоми марз бипайванданд. Ҷангҷӯён аз Чину Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо ҳастанд", - гуфт мушовири президенти ҶИА Муҳаммад Муҳаққиқ.
Мақомот мегӯянд, ки агар гурӯҳҳо ба ДИИШ* ҳамроҳ шаванд, ин хатари хеле ҷиддӣ хоҳад дошт.
*ташкилотҳои террористӣ, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо манъ карда шудааст.