ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳаҷми содиротро назар ба ҳамин давраи соли гузашта 88 дар сад афзоиш дод, ки бесобиқа аст.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳаким Холиқзода дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Дар давраи ҳисоботӣ молҳо ба маблағи 1 миллиарду 851 миллион доллар ворид ва ба маблағи 1 миллиарду 232 миллион доллар содир карда шудаанд.
"Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан ҳаҷми воридоти мол 23 фоиз ва содироти он 88 дар сад зиёд мебошад", - афзуд Холиқзода.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми ММД 40 миллиард сомониро ташкил додааст, ки он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 дар сад афзоиш ёфтааст.
Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ- 3,4 фоиз, кишоварзӣ 8,1 фоиз, сохтмон 22,1 фоиз, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасониҳои пулӣ 16,5 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ 18,1 фоиз боло рафтааст.