Генерал Рустам ба Раҳмон аз омодагии ҷангӣ ҳисобот доду ба Президент саломатӣ хост - навор

Генерал - лейтинант Рустами Эмомалӣ аз омодагии ҷангии минтақаи мудофиаи ҳудуди шаҳри Душанбе ҳисобот дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Вазорати мудофиа Шералӣ Мирзо омодагии ҷангии артиш санҷида мешавад.
Ин санҷиш ахиран бо фармони Фармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар саросари Тоҷикистон пиёда гардид.
Ба ҳамин минвол, дар қатори дигар намояндагон, Рустами Эмомалӣ, мири шаҳри Душанбе ва ҳамзамон генерал-лейтинант ба Фармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ аз омодагии ҷангӣ дар шаҳри Душанбе ҳисобот дод.
Дар ҳисоботи ироакардаи Рустами Эмомалӣ қайд гардид, ки қувва ва воситаҳои минтақаи ҳудудии шаҳри Душанбе дар шумораи 10 125 нафар ва захираҳои сафарбаркунӣ 1 280 нафар ба ҳолати ҷангӣ гузаронида шуданд.
Тоҷикистон ба марзи Афғонистон 20 ҳазор низомӣ фиристод
Генерал-лейтинант афзуд, ки қувваи ҷамъшуда барои иҷрои вазифаҳоии вогузоршуда комилан омода ҳастанд.
Пас аз анҷоми ҳисобот Рустами Эмомалӣ ба Президент таманнои саломатӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки соати чори субҳ бо сигнали бонги хатар 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони захираи сафарбаркунӣ омода шуданд.
Пас аз он, Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ дар Душанбе омад, ва вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии қисмҳо ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Баъди занги Раҳмон соати чори субҳ: артиши Тоҷикистон ба ҳолати ҷангӣ гузашт- видео
Дар бораи сафарбар кардани беш аз 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ хабар дода мешавад.