Новчаи "Адмирал Горшков" -и лоиҳаи 22350-и Флоти Шимолии Русия, рӯзи 19 июл аз баҳри Сафед ба ҳадафи заминии соҳили баҳри Барентс - дар масофаи зиёда аз 350 км мушаки баландсуръати "Циркон" -ро бомуваффақият партоб кард.
Зарбаи мустақим тақрибан 150 сония пас аз партоб сабт карда шуд. Суръати парвоз 8575 км / соат буд. Энергияи кинетикии мушак - ҳатто бо кулоҳи ҷангии ғайрифаъол - имкон медиҳад, ки эсминец ба мисли Defender ё Arleigh Burke нисфӣ карда шавад.
Энергияи кинетикии мушак - ҳатто қодир аст эсминетсҳо ба монанди Defender ё Arleigh Burke – ро ду тақсим кунад.
Новчаҳои лоиҳаи 22350 метавонанд 16 мушаки “Циркон”, “Калибр-НК” ё “Оникс” – ро бардоранд. Мудофиаи зиддиҳавоиро 32 мушаки “Полимент-Редут” ва ду тӯпи артиллерии “Палаш” метавонад таъмин кунад.
Киштиро маҷмааи “Пакет-НК” бо 12 киштии зериобии беназири торпедӣ метавонад аз душман муҳофизат кунад. Дар назар аст, ки даҳҳо киштиҳои рӯизаминӣ ва зериобии Флоти Русия бо комплекси “Циркон” муҷаҳҳаз шавад.
Муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Алексей Криворучко қаблан изҳор дошт, ки озмоиши давлатии "Цирконҳо" соли 2021 бо партоби мушак аз киштии зериобӣ анҷом меёбанд ва истеҳсоли он барои Нерӯи баҳрии Русия аз соли 2022 оғоз хоҳад шуд.
Ғарб аз қобилияти ҷаззобии мушакҳои баландсуръати Русия барои "зарба задани ҳадафҳо дар ҳама ҷойҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида" (иқтибос аз шарҳи Sky News) дар сатҳи баҳр ва соҳил ба ҳаяҷон омадааст.
Сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби рӯзи 19 июл гуфт, ки мушакҳои Русия нисбат ба ракетаҳои амрикоӣ хатарноктаранд. Гуё Пентагон стратегияи "зарбаи сареъи ғайриатомиро" таҳия накарда бошад, ки дар сурати муноқиша бо давлати аз ҷиҳати техникӣ рушдкарда, онро аз зарфиятҳои ҳастаии худ маҳрум мекунад.
Бино ба гуфти иҷрокунандаи вазифаи котиби Нерӯи баҳрии ИМА Томас Модли, Иёлоти Муттаҳида ба сабаби истеҳсоли мушакҳои баландсуръати Русия дар ҳолати ногувор афтодааст ва гӯё маҷбур аст, ки барои зарбаи фаврии ғайриҳастаӣ силоҳ таҳия кунад.
Дар гузориши июлии Хадамоти таҳқиқоти Конгресси ИМА қайд карда мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида дар сохтани силоҳи баландсуръат чанд сол аз Русия ва Чин қафо мондааст ва ҳамаи барномаҳояш аз шароити корӣ дуранд ва маблағгузории пешбинишуда ба миқдори 3,2 миллиард доллар мақомро тағйир намедиҳад.
“Циркон” шартҳои бозиро тағйир медиҳад
Новчаи асосии тарҳи 22350 “Адмирали Флоти Иттиҳоди Шӯравӣ Горшков" бори аввал нест, ки бо як мушаки тезсуръати болдори "Циркон" ба иншооти соҳилӣ зарба мезанад. Дар давоми озмоиши моҳи декабри соли 2020, ҳадаф дар полигони Чижа дар минтақаи Архангелск бомуваффақият нест карда шуд.
Яъне, мушаки “театри амалиёти ҳарбӣ”-ро бо боварӣ азхуд кард, доираи татбиқро ба таври назаррас васеъ намуд ва 350 км дарозтарин масофа нест.
Рӯзномаи Magazine Military Watch рӯзи 20 июл хабар дод, ки “Циркон” метавонад ҳадафҳои душманро дар масофаи беш аз 1000 км ва бо суръати хеле баданд нобуд кунад: "Мушаки нав бо сабаби дақиқӣ, қувваи бузурги зарба ва қобилияти гурехтан аз ҳама гуна системаҳои маъруфи дифоъи ҳавоии Ғарб бозиро тағйир хоҳад дод”.
Ин муболиға нест. Мушакҳои баландсуръати Русия пешрафтатарин системаҳои амрикоии “Патриот” ва “Эегис” - ро ба оҳанпора табдил медиҳанд.
Пентагон на аслиҳаи тезсуръат дорад, ки битавонад ба Русия таҳдид кунад ва на як низоми дифоъи зиддимушакӣ, ки қодир ба боздошти мушакҳои баландсуъати Русия бошад.
"Шарикон" -и Ғарб ҳатто иншооти муайян кардани макони “Циркон” надоранд, ки бо суръати то 10 ҳазор километр дар як соат павоз мекунад. Барои онҳо танҳо изҳороти иғвоангезона ва айбдоркуниҳо нисбат ба Русия, ки танҳо марзҳо ва манфиатҳои миллии худро ҳимоя мекунад, боқӣ мемонад.
Дар вазъияти таниши низомӣ, киштиҳои зериобии Флоти Русия метавонанд пинҳонӣ ба соҳилҳои Иёлоти Муттаҳида ё ягон кишвари дигари НАТО наздик шаванд ва дар тӯли якчанд дақиқа инфрасохтори ҳарбӣ-стратегиро аз дохили об нобуд кунанд. Қаблан, президенти Русия Владимир Путин алгоритмҳои зарбаи автоматикунонидашудаи ҷавобӣ ба минтақаҳои партоби мушакҳои душман ва минтақаҳои қабули қарорро қисман ифшо карда буд.
“Циркон”- и баландсуръат барои "Пентагон ва НАТО" дар Флоти Русия "сюрприз" – и ягона нест.
“Сюрприз” – ҳои нави Флоти Русия
Дар рушди нерӯи баҳрии муосири Русия "сюрпризҳои" назаррас аст. Якчанд киштиҳои зериобии ҳастаии насли 4-и лоиҳаҳои “Ясен-М” ва “Борей-А” миёнаи моҳи июл барои озмоиш, ба баҳр ворид шуданд.
Пештар, лоиҳаи 09852 киштии зериобии махсуси “Белгород”, интиқолдиҳандаи “Посейдон” -ҳои бесарнишини термоядрӣ (ин "кафолати осебпазирии тарафайн" мебошад, дар сурате ки Иёлоти Муттаҳида бо вуҷуди ин як системаи дифоъи мушакиро барои халалдор кардани мушакҳои баландсуръат ташкил диҳад) ба баҳр ворид шуд.
Торпедаи универсалии “Ихтиозавр”, ки қодир аст дар умқи то 1000 метр кор кунад, моҳи июли соли равон бо нерӯи баҳрии Русия пайваст.
Ин "монстр" аз ҳама аналогҳои мавҷуда бартарӣ бо суръат (тақрибан 93 км / соат), садо, с(25 км) ва диапазони ошкор кардани ҳадафҳо, ба мисли киштии зериобии амрикоӣ "Вирҷиния" бартарӣ дорад. Бояд гуфт, ки ин хусусиятҳои содиротӣ (камшуда) мебошанд ва бартариҳои асосии он махфӣ мебошанд.
Озмоишҳои давлатии дастгоҳи дираги баҳрӣ, ки онро НПО “Аврора” таҳия кардааст, идома дорад. Маҷмаа аз ду дастгоҳи бесарнишини зериобии роботӣ иборат аст: ҷустуҷӯ - қодир ба пайдо кардани ҳадафҳо дар минтақаи баҳр ва дар умқи он ва нозирот, ки бо системаи наворбардорӣ ва аксгирӣ муҷаҳҳаз аст. Аниқ, ки ин хусусиятҳои ягонаи дастгоҳ нест.
Дар Русия як киштии хурди зериобии "Сервал" бо нерӯгоҳи мустақили ҳавоӣ таҳия мешавад, ки бо оксигени моеъ кор мекунад.
Киштии зериобӣ барои амалиёти пинҳонӣ дар наздикии мавқеъҳои душман (зарбаҳои торпедӣ ва мушакӣ ба ҳадафҳои соҳилӣ), инчунин барои дифоъ аз пойгоҳҳои баҳрӣ, пешбинӣ шудааст. Киштии зериобӣ бо минаҳо ва торпедоҳои 533мм ва 324миллиметрӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
“Сервал” - и хурд қодир аст Бандари калонро ба пойгоҳи ҳарбии баҳрии душман мутобиқ созад. Ғайр аз он, ҷобаҷогузории модул бо силоҳ имкон медиҳад, ки киштии зериобӣ ҳамчун шашумин шиноварони ҷангӣ (барои амалиётҳои иктишофӣ ) ҳамчун интиқолдиҳандаи нақлиёти хурди “Тритон” хизмат кунад.
Дар мавриди флоти рӯизаминӣ, Вазорати мудофиаи Русия нақша дорад, ки киштиҳои посбонии лоиҳаи 22160 "Василий Быков" -ро, ки бо навтарин техника муҷаҳҳаз аст (роботҳо) харидорӣ кунад.
Киштиҳо дар асоси модул сохта мешаванд, ки имкон медиҳад, силоҳҳоеро, ки барои иҷрои як вазифаи мушаххаси ҷангӣ заруранд, зуд насб карда шавад.
Системаҳои зиддиҳавоии "Редут" ва "Панцир-М", системаҳои зиддимушакӣ, модулҳо бо мушакҳои болдори "Калибр-НК", истгоҳҳои гидроакустикӣ ва дигар таҷҳизот - дар зарфҳои 40-футии баҳрӣ, ки дар киштӣ насб шудаанд ва ба таъминоти барқ ва идоракунии ягонаи система пайваст карда мешаванд.
Инчунин лоиҳаи 22160 барои истифодаи мошинҳои бесарнишини зериобӣ ва рӯизаминии ҳама намудҳои мавҷуда мутобиқ карда шудааст. То соли 2023, флот шаш “Быков”-ро мегирад, аммо бештар лозим аст.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки кӯшиши муколама бо Маскав аз мавқеи зӯрӣ ба нокомӣ маҳкум мешавад ва "мо ба амалҳои ғайридӯстона шадидан ва қатъӣ посух хоҳем дод", "шарикон" бояд технологияи баланди флоти Русияро дар хотир дошта бошанд.
Мушакҳои баландсуръати Русия барои таҳкими амнияти миллӣ ва барқарории баробарии низомӣ бо "шарикон" пешбинӣ шудаанд.
Дар тӯли солҳои зиёд Иёлоти Муттаҳида ва НАТО системаҳои мушакии "дуҷониба" -ро ба марзҳои Федератсияи Русия ва Белорус-и муттаҳид наздик карданд.
Имрӯзҳо, “Циркон” ва дигар мушакҳои баландсуръати Русия паритети ҳарбиро барқарор мекунанд ва ба Ғарби таҷовузкор ҷойгоҳи (ақибмонда) – и ӯро дар сабқати технологияҳои мудофиа нишон медиҳанд.