ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ҳукумати Суғд мегӯяд, машқҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, бар асоси нақшаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баргузор шуданд.
Манбаъ афзуд, ки ҳадафи ин тамринҳо санҷиши омодабошии ҷангӣ, мудофиаи ҳудудӣ ва сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсӣ мебошад.
Машқҳои Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 дар вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода
© котиботи ҳукумати Суғд
Такмили ҳамоҳангии сохторҳои низомии вилоят дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ аз ҳадафҳои дигари машқҳои мазкур арзёбӣ шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, қодиранд, манфиатҳои давлатро ҳимоя кунанд.
Раҷаббой Аҳмадзода изҳор доштааст, ки беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ ва мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад.
Машқҳои Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 дар вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода
© котиботи ҳукумати Суғд
“Таҳлили вазъи минтақа ва ҷаҳон, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд”, - таъкид кардааст Аҳмадзода.