Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо мошинҳои ҳарҷогард муҷаҳҳаз мешавад

Техникаи нав дар ояндаи наздик метавонад ба пойгоҳои 201-уми Русия дастрас гардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Вазорати дифоъи Русия муосиртарин мошинҳои зиреҳпӯши ҳарҷогард “Торнадо-У” - ро ба пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон интиқол хоҳад дод. Дар ин бора ба рӯзномаи "Известия" як манбаъ аз вазорати дифоъ хабар дод.
Пеш аз истифодаи техника дар марзҳои Тоҷикистон, ин мошинҳои низомӣ аз сӯи қушни 55-уми тирандозони савораи кӯҳӣ, ки дар минтақаи Қизили Русия ҷойгир аст, "санҷида мешаванд".
“Торнадо –У” амошинҳоест, ки дар заминаи мошини Урал сохта шудааст. Дар аввал он ба моделҳои кӯҳна асос ёфта буд, аммо тавлилиди солҳои охир ба тарзи сохти муоссир ба роҳ монда шудааст.
Русия пойгоҳашро дар Тоҷикистон бо навтарин мошинҳои ҷангӣ муҷаҳҳаз мекунад: марз ноором
Хусусиятҳои техникӣ аҷибанд: зарфияти борбардории мошин ба 16 тонна мерасад, “Торнадо У” мошини ҳарҷогард ба ҳисоб меравад ва бо як пур кардани мошин бо сӯзишворӣ метавонад масофаи то ҳазорҳо километр бо суръати баланд ҳаракат кунад .
Ғайр аз он, "Торнадо-У" метавонад ҳамчун трактор фаъолият кунад. Ин мошин метавонад борҳои азим ва мошинҳои зиреҳпӯшро интиқол диҳад. Ба воситаи нақлиёт контейнерҳо ва модулҳои махсусро бор кардан мумкин аст.
Тағйироти ниҳоии Урал-63706-0010 "Торнадо-У" бори аввал дар артиши Русия (RAE-2015) дар Нижний Тагил муаррифӣ шуд. Ин мошини зиреҳпӯш аллакай якчанд дигаргунии дигар дорад, ки қобилияти ҳамлу нақлро афзоиш медиҳанд.