Номуайянӣ дар нуқтаҳои пайвастшавии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон: шарҳи Хоҷазода

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, мегӯяд, бо Ӯзбекистон қисматҳои номуайяни марз асосан дар минтақаҳое боқӣ мондаанд, ки се кишвар ба ҳам меоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон мегӯяд, бо Ӯзбекистон 1 ҳазору 326 километр марзи муштарак мавҷуд аст, ки аз ин 1319 километр пурра муайян гардидааст.
Ориф Хоҷазода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, муайянсозии марз бо Ӯзбекистон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, қисмати хурде, ки то ҳол мушаххас нест, дар нуқтаҳои пайвастшавии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошад.
Ӯ афзуд, кахиран мақомоти Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Фарғона мулоқот карда, ҳар се ҷониб пешниҳодҳои худро ироа намуданд. Дар мавриди нерӯгоҳи Фарҳод, ки дар марз бо Ӯзбекистон ҷойгир аст, Хоҷазода иттилои машаххас надод, танҳо зикр намуд, ки охирон қарори дахлдор дар мавриди хатти сарҳадӣ соли 2018 ба имзо расида, гуруҳи байниҳукуматӣ корҳои демаркатсиониро идома дода истодааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси Кумитаи замин: то ҳол бо Қирғизистон мубодилаи замин нашудааст
Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳайати ҳукуматии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Фарғона мулоқот карда, масоили марзиро баррасӣ намуданд. Ҳайатҳо дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар табодули назар кардаанд, аммо тафсилоти дигари мулоқот ироа нашудааст.
Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак дорад, ки танҳо ҳудуди 520 километраш муайян шудааст. Номуайянӣ дар марз боис мешавад, ки миёни сокинони ду кишвар даргириҳо сурат мегиранд ва баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷомад.