ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дар шаҳраки Апрелевка занозании оммавии муҳоҷирон ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора ТАСС бо такя ба як манобеяш аз мақомоти интизомӣ хабар додааст.
Манбаъ мегӯяд, ин занозанӣ бо ҳузури дастикам 20 муҳоҷири аз кишварҳои Осиёи Миёна омада сар задааст. Аммо ҳоло дақиқ нест, ки занозанӣ миёнӣ зодагон куҷо сурат гирифтааст
Ҳангоми задухӯрд хориҷиён аз чӯб ва шишаҳо истифода карданд ва инчунин тир ҳам кушодаанд. Дар натиҷаи ин ҳолат, чанд мошин осеб дидааст.
Гуфта мешавад, сабаби занозанӣ ва ҷузъиёти дигар мушаххас карда мешавад.
Қаблан низ дар Маскав дар наздикии истгоҳи метрои "Кузминки" занозании оммавии муҳоҷирон рух дода буд, ки гуфта мешуд, дар он то 200 нафар ширкат доштаанд, ки бештарашон шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон будаанд.
Он замон гуфта мешуд, ки хусуматҳои шахсӣ сабаби муноқиша гашт. Муҳоҷирон аз Қирғизистон ҳамватанони худро дар ҷамъи тоҷикон дида, онҳоро сарзаниш мекунанд. Дигарон бошанд бо пуштибонӣ аз онҳо бармехезанд
Ин ҳодиса эътирози васеи мардумро ба бор овард, ки дар пайи он ба ин амал ҳам сиёсатмадорон ва ҳам ходимони ҷамъиятӣ вокуниш нишон доданд. Бунёди Рушди Муҳоҷират байни намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот ташкил карда, тадбирҳои пешгирии чунин ҳодисаҳоро баррасӣ намуд.