Якчанд мушак дар назди Қасри президент дар маркази шаҳри Кобул ҳангоми намози дастаҷамъонаи идона таркиданд, гузориш доданд расонаҳои Афғонистон. Бархеи дигар мегӯянд, садои таркиши мошинҳои назди Қасри раисиҷумҳур буд.
Дар наворе, ки нашр шудааст, мақомдорони афғон аз садоҳои таркишу парвозҳои мушакҳо як қад париданд, аммо тарки намоз накарданду ибодаташонро идома доданд. Танҳо нафаре ҳайрону парешон сарашро дошта, атрофу болоро нигоҳ карду баъдан ӯ ҳам боз ба намоз пайваст.
Бар асоси навор, танҳо ду нафар дар лаҳзаҳои таркиш тарки намоз намуданд, ки зоҳиран масъулини амниятӣ будаанд.
Масъулияти ин ҳамларо то ҳол гуруҳе ба дӯш нагирифтааст. Созмони мамнӯъи Толибон* изҳор доштааст, ки дар ин ҳамлаҳо даст надорад ва нерӯҳояш дар рӯзи ид дар мавқеи мудофиавӣ қарор доштанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар