ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ягон далели қасди Толибон* барои убури марзи Тоҷикистону Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст, изҳор дошт Замир Кобулов, фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва мудири Департаменти дуюми ВКХ Русия.
Ӯ зимни суҳбати онлайнӣ дар бошгоҳи байналмилалии мубоҳисавии “Валдай”, зикр намудааст, ки ҳудуди 1600 низомии афғон ба Тоҷикистон фирор намуда, аллакай аз қаламрави ин ҷумҳурӣ сӯи ҷангиёни Толибон* оташ кушодаанд.
“Аз дарёи Панҷ гузашта, онҳо аз соҳили дигар, аллакай аз қаламрави Тоҷикистон сӯи гуруҳи Толибон* оташ кушоданд”, - изҳор дошт дипломат.
Ӯ афзуд, дар ҳамин ҳол ҷангиёни Толибон* аз сӯи роҳбарияташон фармон гирифтанд, ки сӯи марзи Тоҷикистон оташ накушоянд.
Кобулов изҳори боварӣ намудааст, ки Толибон* қаламрави Афғонистонро гирифта истодаанду таваҷҷуҳе ба ҳудуди кишварҳои ҳамсоя надоранд. Фиристодаи Путин гуфт, дар ин бора Толибон* тайи 7 соли охир пайваста таъкид мекунанд. Ӯ афзудаст, ки Толибон* бо нерӯҳои дигари террористӣ, аз ҷумла ДОИШ*, ки қасди қаламрави кишварҳои ҳамсоя, Осиёи Марказӣ, Покистон ва Эронро доранд, мубориза мебаранд.
Даргирӣ миёни Толибон* ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ин кишвар шиддат гирифта, ҷангиёни созмони мамнӯъ бисёре аз волусволиҳо аз ҷумла қисми зиёди марз бо Тоҷикистонро зери назорати худ гирифтаанд.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар