ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Субҳи рӯзи 19 июл варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ба ин кишвар сафар намуданд. Маросими гусели варзишгаронро Кумитаи ҷавоно ва варзиш дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр намудааст.
Ба иттилои манбаъ, варзишгарон тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе - Истамбул- Токио озими Ҷопон мешаванд.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020, 10 варзишгар: муштзанҳо - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, дар риштаи варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев, дар ҷудо - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва дар шиноварӣ Анастасия Тюринаю Олимҷон Ишанов намояндагӣ мекунанд.
Қаблан аз иштироки 11 варзишгар хабар дода шуд, вале Гулсунбӣ Шарифова, давандаи тоҷик ба далели бардоштани ҷароҳат натавонист дар ин бозиҳо ҳузур пайдо кунад.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз 23 июл то 8 август идома мекунад.
Сабӣқат барои варзишгарони тоҷик рӯзи 24 июл оғоз мешавад. Бояд гуфт, ки аз миёни 10 варзишгари тоҷик 7 нафар бори нахуст дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд.