ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, масъулини гумруки Эрон бо таъйиди ин хабар далели итихзози ин тасмимро оғози таътилоти Иди Қурбон дар Афғонистон унвон намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар панҷ рӯзи оянда қабули мол дар нуқтаҳои гумрукии ду кишвар қатъ карда мешавад.
Тавақуфи дубораи фаъолиятҳои марзии ду кишвар дар шароите рух медихад, ки даҳ рӯз пеш ва дар пайи тасаруфи таъсисоти гумрук Ислом Қалъа тавасути Толибон (созмони мамнӯъ дар Русия), гумруки Эрон аз тавақуфи тиҷорати ду кишвар дар марзи Дуғорун ва Моҳируд хабар дода буд; тавақуф тайи ҳафтаи гузашта, аввал дар марзи Моҳируд ва сипас дар марзи Дуғорун ба поён расид.
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ манъ аст.