ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Тақрибан ҳамаи гурезагони қирғизтабори Афғонистон, ки ҳангоми ҳамлҳои ҷангиёни Толибон* ба хоки Тоҷикистон гузашта буданд, дубора ба Афғонистон баргаштанд, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикисстон.
Ба иттилои манбаъ, бозгашти гурезагон тайи рӯзҳои истироҳатии гузашта, 17-18 июл сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад 345 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо чор ҳазор ҳайвонҳои хоҷагӣ ва воситаи нақлиёт, ба минтақаи зисти доимиашон, вулусволии Вахони вилояти Бадахшони ҶИА баргардонида шуданд.
"Интиқоли онҳо баъд аз он, ки масъалаи таъмини амнияти шахсии онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кафолат дода шуд, ба воситаи минтақаи наздисарҳадии ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб сурат гирифт", - хабар додааст, КДАМ Тоҷикистон.
Манбаъ мегӯяд, дар давраи будубоши гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ноҳияи Мурғоб, дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, онҳо аз тарафи мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо ҷойи зисти муваққатӣ, маводи ғизоӣ, сару либос ва хизматрасонии тиббӣ таъмин карда шуданд.
КДАМ гуфтааст, вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки қирғизтаборҳои Афғонистон дар пайи бад шудани вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистон рӯзҳои 13-14 июн ба хоки Тоҷикистон фирор карданд.
Зимни фирор ба Тоҷикистон муттаасифона ду кӯдаки хурдсоли онҳо фавтидааст.
Эзоҳ: Толибон* - созмони террористие, ки дар Русия мамнӯъ аст.