ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ин манбаъ, ки нахост номаш дар ин хабар нашр шавад, гуфт, ки ин ҳодиса шаби гузашта дар вулусволии Спин Болдаки ин вилоят рух додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинд ба рӯзномаи “Иттилооти рӯз”.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки афроди мусаллаҳ аввал фарзандони Фадо Муҳаммад Афғонро аз хонашон берун кашиданд ва сипас ба қатл расонданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки омилони ин ҳодиса ҳануз мушаххас нашудаанд.
Ҳамзамон ҳамин манбаъ иттилоъ додааст, ки писарони ин узви Шӯрои вилояти Қандаҳор мумкин тавасути Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия), ки вулусволии Спин Болдакро дар ихтиёри худ доранд кушта шуда бошанд.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия)ҳанӯз дар ин маврид чизе нагуфта аст.
Вилояти Қандаҳор дар ҷануби кишвар аз вилоятҳои ноамн аст, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар бахшҳои аз ин вилоят ҳузур в фаъолияти густурда доранд.