ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Дар Ӯзбекистон ҳамакнун гирифтани ваксин алайҳи коронавирус ҳатмӣ гардид. Манобеи Sputnik Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки чунин қарорро Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ баровард.
Ҳамин тариқ, то 1 сентябр афроди аз 18 - сола боло бояд ҳатман вояи аввали ваксин алайҳи коронавирусро бигиранд. Ҳамчунин то 1 октябр воя дубм ва то 1 ноябр вояи саввум гузаронида шавад.
Ба ваксингирӣ ҳамаи кормандони соҳаи хизматрасонӣ, мансабдорону кормандони давлатӣ, масъулини маорифу тандурустӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, рӯзноманигорон, хуллас афроди аз 18 - сола боло ҷалб карда мешаванд.
Гуфта мешавад, аз гирифтани ваксин танҳо нафароне канор хоҳанд монд, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда бобати номумкин будани ваксингириро дошта бошанд.
То рӯзи 16 июл дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аллакай 5,5 миллион шаҳрвандон алайҳи коронавирус ваксин гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, дар Тоҷикистон барвақттар ваксингирӣ ҳатмӣ шуд. То рӯзи 16 июл дар мамлакат 421 832 нафар алайзи вируси COVID - 19 ваксин гирифтанд.
Тибқи иттилои манбаъ, вояи дуюми ваксина то рӯзи зикргардида ба 20 ҳазору 190 нафар шаҳрвандон гузаронида шудааст.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ муқобила бо сироятии COVID-19, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад.