ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Теъдоди қурбониёни обхезии шадид дар Олмон ба 156 нафар расид, хабар медиҳад Swissinfo.
Ба иттилои манбаъ, дар Арвайлер 98 нафар ҷон бохтаанд ва 670 тани диҳар ҷароҳатдор шуданд.
Дар қисмати ғарбии Олмон режими фалокати ҳарбӣ эълон шудааст ва дасти кам 800 сарбоз ба аҳолии зарардида кумак мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбе дар Олмон боронгарии шадид сар шуд, ки дар натиҷа туфони "Бернд" - ро ба миён овард.
Зарбаи асосии офати табиӣ ба минтақаҳои ғарбӣ ва ҷанубу ғарбии Олмон афтод, ки дар он ҷо рӯди Рейн ба соҳил баромад ва кӯчаҳоро зери об кард.
Ин обхезӣ маргбортарин дар Олмон дар даҳсолаҳои охир буд. Даҳҳо хона тахриб шуд. Канслер Ангела Меркел дар шарҳи ҳодисаҳо гуфт, ки миқёси ниҳоии фоҷиа танҳо дар рӯзҳои наздик маълум хоҳад шуд. Вай ба оилаҳо ва наздикони қурбониён изҳори тасаллият кард.