Шавкат Мирзиёев ва Сироҷиддин Муҳриддин вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд бо вазири хориҷаи Тоҷикистонро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ омадааст, дидору гуфтугӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июля — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар додааст, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар доираи барномаи Конфронси байналмилалии вобастагии минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намудааст.
Мирзиёев зимни дидор бо вазири тоҷик аз натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 11-12 июни соли равон сурат гирифт, изҳори қаноатманд кардааст.
Мирзиёев умедвор аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ дар оянда бо Тоҷикистон боз ҳам беҳтар мегарданд.
Нигаронии Раҳмон ва Мирзиёев аз вазъи ноамни марзи Афғонистон: президентҳо чӣ гуфтанд?
Гуфта шудааст, ки дар мулоқот масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои афзалиятнок дар бахшҳои гуногуни иқтисод ва барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ дар асоси "харитаи роҳ" баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон мавзӯи калидии минтақавӣ – вазъи Афғонистон, омодагӣ ба нишастҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Инчунин, манбаъ қайд кардааст, ки зимни мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон саломи бародарона ва орзуҳои неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро баШавкат Мирзиёев расонид.