ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ бори дигар таъкид дошт, ки Ширкати сохтмонии "Комил-2010", ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар биноҳои сохтааш камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф накардааст.
"Дар иншооти ин ширкат камбудиҳо ошкор шуд. Дар ҳоли ҳозир ширкат ба бартараф кардани ин нуқсон машғул аст ва ҷараёни онро муовини раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода назорат мекунад. Мо умедворем, ки ҳамаи камбудҳо саривақт бартараф мешаванд", қайд кард раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ.
Бояд гуфт, ки дар аввали сол ширкати "Комил-2010"-и Бег Сабурро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вориди "рӯйхати сиёҳ" карда буд.
Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфта буд, ки ба ин ширкат ва ширкатҳои дигари Бег Сабур муҳлат додаем то сохтмонҳои нотамомашро анҷом диҳад ва сипас иҷозатномаи сохтмонашро бигирем.
Ҳамзамон раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ қаблан гуфта буд, ки шикоятҳо аз камбудҳои биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур "Комил-2010" ва "Ниагара" сохтаанд, ба мақомот зиёд расидааст.