Баъд аз задухӯрдҳои шадид дар вилояти Бодғис гурӯҳи Толибон оташбас эълон карданд

Гурӯҳи Толибон* бо миёнаравии бузургони қавмӣ ва афроди бонуфуз дар вилояти Бодғис оташбас эълом кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Волии Бодғис Ҳисомуддин Шамс тасдиқ кард, ки Толибон* аз нисфирӯзии имрӯз (панҷшанбе) оташбас эълон карданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “иттилоти рӯз”.
Волии Бодғис афзуд, ки Толибон* бояд оташбасро риоя кунанд ва ӯҳдадориҳои худро риоя намоянд.
Ба гуфтаи оқои Шамс, имрӯз Қалъаи Нав, маркази вилояти Бодғис шоҳиди бозкушоии дӯконҳо шудааст.
Абдулазиз Бег, раиси шӯрои музофоти Бодғис, ба рӯзнома гуфт, ки Толибон* ҳанӯз дар бораи оташбас ба мувофиқа нарасидаанд, аммо ин гурӯҳ Қалъаи Навро тахлия кардаанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Толибон"* ду шарти оташбас дар Афғонистонро эълон карданд
Ба гуфтаи бузургони қавми, оташбас дар рӯзҳои Ид Қурбон низ идома хоҳанд ёфт.
Бояд гуфт, ки гурӯҳи Толибон* ҳанӯз дар бораи оташбас чизе нагуфтаанд.
Гуфта мешавад, ки Толибон шаш ноҳияи Бодғисро комилан таҳти назорат худ гирифтанд ва танҳо шаҳри Қалъаи Нав таҳти назорати нерӯҳои ҳукумати қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* муқовимат идома дорад.
"Толибон" то имрӯз, минтақаҳои назаррасро дар деҳот забт карда, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунанд.
* - ҷунбиши манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.