ДУШАНБЕ, 15 июл- Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба дидорбинии беморони коронавирус рафтааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, Абдуллозода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии "Шифобахш" дидан намудудааст.
Дар ин марказ гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ мебошанд.
"Вазир ҳангоми боздид бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 ва сатҳу шароити муассиса дар самти табобати беморони мазкур аз наздик шинос гардид", - менависад манбаъ.
Масъулин зикр кардаанд, ки дар ин ҷо гирифторони сирояти коронавирус ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорат қарор доранд.
"Пизишкон баҳри наҷоти ҷони онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона месозанд", - таъкид мекунад манбаъ.
Зимни боздид Абдуллозода бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхонаҳо қарор доштанд, суҳбат кардааст.
"Ҳукумати мамлакат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид", - таъкид кардааст вай.
Ҳамзамон намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Беморхонаи шаҳри Ваҳдат ва як зумра муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд низ дидан намуда, бо ҷараёни табобати гирифторони бемории COVID-19 аз наздик шинос шуданд.