Яке бо санг заду дигаре бо корд: ду ҳодисаи нохуш дар Ҳамадонӣ ва Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан як сокини 27 - сола бо санг зада шуду дар шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ зании 33 - соларо корд заданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар ду минтақаи Тоҷикистон ҳодисаи корду сангзанӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи аввал шаби 12 июл дар деҳоти Пушкини шаҳри Истаравшан рух додааст.
Сокини 36 - сола дар ҳолати мастӣ назди хобгоҳи рақами 44 бо марди 27 - сола аз шаҳри Хуҷанд вориди муноқиша шуд, ки дар натиҷа бо истифода аз санг як маротиба ба сари ӯ зарба расондааст.
Ташхиси судӣ - тиббӣ хулоса намудааст, ки сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳати вазнин бардоштааст. Аз ин рӯ, нисбати ҳамлагар тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот ҳамоно идома дорад.
Боз куштор: ҷавони 20 -сола дар Рашт ҳамдеҳаашро корд зад
Зимнан, як ҳодисаи дигари нохуш дар шаҳракаи Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ рух дод.
Дар ин ҳодиса кормандони милиса ҷавони 29 - соларо боздошт намуданд, ки дар расонидани зарари ҷисмонӣ муттаҳам дониста мешавад.
Номбурда сокини ноҳияи Ҳамадонӣ буда, бегоҳи 13 июл ба хонаи зани 33 - сола омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол кард ва сипас бо корд як маротиба ба тахтапушти ӯ зарба зад.
Дар натиҷа зан бо бардоштани ҷароҳат бистарии беморхона шуд. Нисбати ҷавони 29 - сола бошад, тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.