Ҳамсояи наздик: Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз рушди муносибот бо Чин манфиатдор аст

Ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, дидору мулоқот кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки Ван И бо сафари расмӣ барои ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Тоҷикистон қарор дорад
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон ва Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамсоягони наздик мебошанд ва мо манфиатдорем, ки муносибатҳои наздики боэътимоди байни кишварҳоямон дар ҳама шаклҳо минбаъд амиқтар карда шаванд”.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Раҳмон ва И роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, ба роҳ мондани содироти молҳои Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, ба бозорҳои Чинро, муҳокима намудаанд.
Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон: Раҳмон Гутерришро ба Душанбе даъват кард
Президенти Тоҷикистон барои дар давраи пандемия ҷудо кардани 300 ҳазор воя ваксина ба хотири пешгирӣ короновирус ба Чин изҳори сипос кардааст.
Зимни баррасии масъалаҳои умдаи минтақавӣ ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.