ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. КДАМ Тоҷикистон аз фирори 77 шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 13 июл, соати 16:00 дақиқа ба вақти маҳаллӣ 77 нафар, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол шаҳрвандони мулкии Афғонистон аз ватанашон фирор карданд.
Гуфта мешавад, ки ин нафарон асосан сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшон мебошанд, ки аз тарси таъқиби "Толибон" барои ҳифзи ҷони худ сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Тоҷикистон шуданд.
КДАМ афзуда, ки сарҳадбонони тоҷик бо назардошти робитаи неки инсондустӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозат доданд.
"Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Андемин ва Чештебаи ҷамаоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд", - омадааст дар хабарнома.
Онҳо чорвои хонагии худ, аз ҷумла 1000 сар чорвои майдаи шохдор, 300 сар қутос, 3 сар шутур ва 30 сар аспро бо худ овардаанд.
КДАМ афзуда, ки вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Бояд гуфт, ин аввалин гурезаҳои афғон набуда, пештар ҳам Тоҷикистон беш аз 1000 паноҳандаи Афғонистонро қабул карда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* муқовимат идома дорад.
"Толибон"* то имрӯз, минтақаҳои назаррасро дар деҳот забт карда, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунанд.
* - ҷунбиши манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.