Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Душанбе баргузор шуд

Пеш аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, нишаст 13-14 июл таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор шуд.
Пеш аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷиро президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол табодули афкор намуда,нд.
Дабири кулли СҲШ дар Душанбе: бо Муҳриддин мулоқот кард
Ҳамчунин, онҳо вазифаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкориро дар чаҳорчӯбаи Созмон муҳокима карданд. Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки СҲШ бо такя ба "рӯҳи Шанхай" дар тӯли ду даҳсола ҷойгоҳи худро ҳамчун созмони бонуфузи байнидавлатии намуди нав ва иштирокчии бонуфузи низоми муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам намуд.
Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муштарак дар самти пешбурди рӯзафзуни ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи гуногунҷабҳаи СҲШ ба таҳкими рушди Созмон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии он мусоидат мекунанд.
Дар ҷараёни ҷаласа зикр карда шуд, ки мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ то имрӯз зиёда аз 50 чорабинии механизмҳои гуногуни ҳамкории СҲШ, аз ҷумла 7 чорабинӣ дар сатҳи вазоратҳо баргузор шуданд.
Владимир Норов ба Тоҷикистон омад: Раҳмон ӯро дар Қасри миллат пазируфт
Дар ин замина, вазирон омодагии худро барои то моҳи сентябр дар сатҳи баланд ва пурмазмун баргузор намудани боз тақрибан 30 чорабинии дигари мақомоти СҲШ, ба шумули 12 чорабинӣ дар сатҳи роҳбарони вазорату идораҳо иброз намуданд.