ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Тақрибан ҳамаи гурезагони афғонӣ, ки ҳангоми ҳамлҳои ҷангиёни Толибон* ба хоки Тоҷикистон гузашта буданд, дубора ба Афғонистон баргаштанд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикисстон.
"Аксари онҳо низомиёнанд, ки аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон ба хоки Тоҷикистон фирор карда буданд. Шумори онҳо беш аз ҳазор нафарро ташкил медод", - гуфт манбаъ.
Гурезаҳоро ҳукумати Афғонистон аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб тариқи чархболҳои худ ва Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргардонд.
Манбаъ қайд кард, тақрибан тамоми гурезаҳо ба истиснои нафароне, ки рӯзи 13 июн дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон паноҳандагӣ хостанд, ба ватанашон баргаштанд.
Инҳо 77 шаҳрванди қирғизтабори Афғонистон мебошанд. Миёни онҳо 26 мард, 20 зан ва 31 кӯдаке ҳастанд, ки дар ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон зиндагӣ мекарданд.
Онҳо бинобар таҳдиди Толибон тасмим гирифтанд, ки ба кишвари ҳамсоя Тоҷикистон кӯч банданд. Ҳоло гурезагон дар деҳаи Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд ва ҳамроҳи онҳо бо худ зиёда аз 1,3 ҳазор сар гову гусфанд, шутур ва аспҳоро гирифтаанд.
Баъдтар, боз 51 шаҳрванди Афғонистон аз ҳамон қаламрави ҳамон минтақаи ВМКБ ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ҳоли ҳозир ба ҷуз 128 нафар гурезгоне ки дар Мурғоб қарор доранд дигар дар қаламрави Тоҷикистон паноҳҷӯи афғон нестанд.
* - созмони террористие, ки дар Русия мамнӯъ аст.