Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Боз баҳси марзӣ: дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шаб чӣ гузашт?

Айни замон вазъ дар сарҳади давлатӣ мӯътадил арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шаби гузашта сокинони манотиқи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сӯи якдигар сангпартоӣ карданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Тибқи иттилои ин ниҳод, тақрибан соати 00:10 дар минтақаи Торт-Кочои Бодканд, дар чорроҳаи Бодканд-Исфана ва Исфара - Ворух, ду мошин бозистоданд, ки ҳомили тоҷикон буданду онҳо гуиё маст будаанд.
Ташиев гуфт, ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ имкон аст хонаҳои баъзе қирғизҳо тахриб шавад
Гуфта мешавад, ки онҳо ҳақорат мекарданд ва ба сӯи шаҳрвандони Қирғизистон, ки савори ду мошин дар роҳи Бодканд-Исфана буданд, санг андохтанд.
Дере нагузашта, сокинони як деҳаи марзии Қирғизистон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва онҳо низ ба сангандозӣ ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ карданд.

"Бо мақсади пешгирии шиддат гирифтани низоъ, сарҳадбонон якҷоя бо кормандони ВКД Қирғизистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд, ки пас аз он сокинони маҳаллӣ пароканда шуданд. Сардорони шӯъбаҳои тарафҳо ба нақша гирифтаанд, ки дар бораи андешидани чораҳо нисбати вайронкунандагони тартибот ҷаласа баргузор кунанд", - омадааст дар иттилоия.

Феълан вазъ дар ин қитъаи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон мӯътадил арзёбӣ мешавад.