ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат рух дод, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 12 июл, тахминан соати 04:40 дақиқа сар зад.
Гуфта мешавад, ронандаи 32 - солаи автомашинаи "Хундай Портер", сокини ноҳияи Файзобод асноги аз самти шаҳри Роғун бюа самти Ваҳдат ҳаракат карданд, дар ҳудуди деҳаи Ҷавонон бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба қафои автомашинаи "Хова" бархӯрд.
Ин автомашина аз они сокини 29 - солаи ноҳияи Рашт буд, ки дар канори роҳ бидуни ҳаракат меистод.
Манбаъ меафзояд, бар асари бархӯрд ронандаи 32 - сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
ВУД Тоҷикистон ҳамчунин аз як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷа кӯдаки 4 - сола ба ҳалокат расид.
Ин ҳодиса дар шаҳри Душанбе рух дод. Ронандаи 45 - сола соати 20:30 дақиқа автомашинаи худро дар болои нишебӣ гузоштааст, ки дар натиҷа он ба ҳаракат даромада, як хурдсоли 4 - соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аснои ба беморхона интиқол доданд, дар нимароҳ ҷон бохт.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ду ҳодисаи нохуш тафтишот идома дорад.