ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Генерал Нурулло Орифзода, ки аввали соли 2020 дар мақоми сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара генерал Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, маъруф бо Шоҳ Искандарро иваз карда буд, мақоми нав гирифт.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, генерал Орифзода ба мақоми сардори идораи милиса дар шаҳри Бохтар таъйин гардид.
Орифзода аз генералҳои шинохтаи Тоҷикистон мебошад, ки қаблан дар мақоми муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон кор мекард.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Нурулло Орифзода, ки феълан рубтаи генерал – майори милитсия дорад, фаъолияташро дар мақомоти умури дохилӣ соли 1989 ба ҳайси милисаи қатории хадамоти “Муҳофиза” оғоз кардааст. Ӯ баъдан дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ ва ноиби вазири умури дохилӣ кор карда, аз аввали соли 2020 то ҳол сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара буд.
Генерал Нурилло Орифзода
© котиботи ВКД Тоҷикистон
Генерал Искандарзода, ё худ Шоҳ Искандар, собиқ фармондеҳи мухолифин, ки пеш аз Орифзода сардори милиса дар Исфара буд, аз авали соли 2020 то ҳол дар мақоми сардори ШКВД шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) кор мекунад.