ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Қирғизистон нисбат ба соли гузашта бештар ҳолатҳои сирояти COVID-19 миёни кӯдакон ба қайд гирифта шудааст, гуфт Гулзат Маймерова, директори Маркази ҳимояи модар ва кӯдак.
Ба гуфти вай, баҳори соли 2020 дар байни беморон 0,8-2 фоизи кӯдакон буданд ва имрӯз ин рақам ба 11-14 дарсад расидааст.
"Кӯдакон, ба мисли калонсолон, гирифтори коронавирус мешаванд, гарчанде тибқи омор, дар байни онҳо чунин ҳолатҳо камтаранд. Онҳо COVID-19-ро осонтар мегузаронанд, дар байни онҳо интиқолдиҳандаҳои беаломат зиёданд", - менависад Sputnik Қирғизистон аз қавли коршинос.
Дар маҷмӯъ аз моҳи март то имрӯз дар Қирғизистон 1650 ҳолати сироятёбии кӯдакон ба қайд гирифта шудааст:
то 1 сола - 263 (16%);
аз 1 то 4 сола - 512 (31%);
аз 5 то 15 сола - 685 (41,5%);
аз 16 то 18 сола - 190 (11,5%).
Аҳволи аксарияти онҳо қаноатбахш (58%) ва миёна (22,5%) будааст. 17,5% дар ҳолати вахим ва ду дарсад дар ҳолати вазнин буданд. 39% бемориро бо мушкилот паси сар карданд.
Аз ин миён 6 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст, ки (0,4%) - ро ташкил медиҳад.