Ҳазорҳо шаҳрвандони Афғонистон пас аз ҳуҷуми Толибон* манзилҳои худро партофта рӯ ба гурез ниҳоданд. Онҳо феълан дар лагерҳо иқомат мекунанд ва аз шароити маконҳои муваққатии худ шикоят мекунанд.
"Деҳаи моро муҳосира карданд. Аз дасти мо коре наомад, Толибон* хонаҳои моро гирифтанд. Моро ҳамроҳ бо фарзандонамон пеш карданд", - изҳор доштааст Бибӣ Зайнаб.
Афғонҳо аз шароити бади лагерҳо ва ҳамзамон бастанда набудани ғизою об ва маводи доруворӣ шикоят мекунанд.
Як марди дигари афғон мегӯяд, ӯ дар хатти аввали ҷанг қарор дошт, аммо чанд вақт боз дар лагерҳо қарор дорад.
"Ин ҷо ягон шароит нест. Номҳои моро номнавис мекунанду кумак намерасонанд. Ғизо танҳо ба як қисми одамон мерасаду бас", - шикоят мекунад ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Вашингтон мегӯяд, Афғонистон бояд танҳо ба қувваи дохилӣ такя кунад.
"Вақти он расидааст, ки онҳо бояд худ фаъол шаванд", - изҳор доштааст Ҷон Кирбӣ сухангӯи Пентагон.
Толибон мегӯяд, ҳоло беш аз 80 дарсади қаламрави афғонистонро забт намудаанд. Аммо ҳукумати ин кишвар изҳороти Толибонро дурӯғ арзёбӣ мекунад.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Афғонистон