Посухи вазир ба суол дар бораи қонуни афв

Вазири адлияи Тоҷикистон дар бораи қабул шудан ё нашудани қонуни афв дар Тоҷикистон гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба суоли хабарнигорон, ки оё дар Тоҷикистон қонуни афв қабул шудааст ва ё мешавад, посух гуфт.
Ба қавли ҷаноби Ашӯриён , феълан дар ин бора ба ниҳодаш чизе маълум нест.
Ӯ таъкид кард, ки қонуни афв ҳуқуқи истисноии президент аст ва "агар ин қонун омода шавад, хабараш нашр мегардад".
12 моҳ муҳлат: касе пулашро қонунӣ кунад, ҷиноятҳояш афв мешаванд – тафсилот
"Мувофиқи Конститутсия афв аз ҳуқуқҳои истисноии президенти Тоҷикистон аст, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Агар чунин лоиҳаи қонун ба ифтихори 30-солагии Исиқлоли Тоҷикистон омода шавад, хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло дар ин бора барои Вазорати адлия чизе маълум нест", - таъкид кард вазир.
Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар истинод ба манобеи худ хабар доданд, ки дар Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили 30-солагии Истиқлол тарҳи қонуни афв омода гаштааст. Мувофиқи он шумораи зиёди маҳкумшудагон афв хоҳанд шуд ва ё ҷазояшон сабуктар хоҳад гардид.
Охирин қонуни афве, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар дар соли 2019 буд, ки бештар аз 20 ҳазор маҳбусу гумонбару судшавандаву маҳкумшавандаҳоро фаро гирифт.