Заминларза дар Тоҷикистон

Заминларза дар Лангари Шоҳ: феълан дар ҷои ҳодиса чӣ мегузарад

Сокинони маҳаллӣ то ҳол аз зилзилае, ки дирӯз дар Тоҷикистон рух дод, ба худ наомадаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Рӯзи гузашта дар ҷамоатҳои манотиқи Рашт ва Тоҷикобод заминларзаи шадид рух дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳадди аққал 20 хона аз офати табиӣ осеб диданд. Оқибатҳои заминларза бештар дар деҳаи Лангари Шоҳ эҳсос мешаванд.
"Замин сахт ларзид. Саҳари барвақт. Бисёриҳо дар хоб буданд. Онҳо бо фарзандонашон, аз хона гурехтанд", - гуфтанд сокинони маҳаллӣ.
Сокинони Лангари Шоҳ аз ин ҳодиса дар ҳайратанд. Баъзеҳо ба барқарор кардани хонаҳои харобшуда шурӯъ карданд. Ҳастанд онҳое ҳам, ки то ҳол ба худ намомадаанд.
"Вой ҷигарам сӯхт": навори нолаи як зан, ки фарзандашро дар заминҷунбӣ аз даст дод
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар паи ин офати табиӣ панҷ нафар ҳалок шуданд. Дар байни онҳо кӯдакон низ буданд, маълум аст, ки яке дар синфи 8 таҳсил мекард.
Тибқи иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, барои муайян кардани оқибатҳои заминларза ба ҷамоат комиссияи вижа омадааст.
Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва инчунин роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.
Ду заминҷунбии субҳи 10 июл, ки даҳҳо ҳазор тоҷикистониро куштанд: ёди қурбониён
Қувваи заминларза, ки рӯзи шанбе рух дод, аз 5,8 то 6,4 баллро ташкил дод. Ларзиш дар қаламравҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ эҳсос шудааст.
Заминларза тақрибан 20 хона ва хатҳои барқро хароб кард. Ҳоло мақомот ҳаҷми хисоротро арзёбӣ мекунанд.
Дар бораи оқибатҳои офати табиӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода шуд. Кишвардор ин масъаларо таҳти назорати шахсӣ гирифт.