ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Маросими муаррифии либоси расмии ҳайати олимпии Тоҷикистон рӯзи 10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералии КМО баргузор шуд.
Тибқи иттилои Кумита, либоси варзишии ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати ватании “Iamdifferent” таъмин мекунад.
"Маҷмӯи либоси Ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 20 номгӯ, аз ҷумла, либоси варзишӣ барои маросими ҷоизагирӣ, гардиш, либоси варзишӣ барои тамрин, футболкаҳо, кулоҳи варзишӣ, пояфзоли варзишӣ, соат, ду ҷомадон ва ғайра иборат мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки маҷмӯи либоси варзишӣ бо нақшу нигори миллӣ, инчунин рангҳои Парчами давлатӣ оро ёфтааст.
Ба итилои КМО, тарҳи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи босалоҳият, аз ҳисоби тарроҳон, олимон ва мутахассисони хориҷӣ дар давоми ду сол омода шуд.
КМО афзуд, ки дар ҷаласа ба роҳбари ширкати “Iamdifferent” Дилшод Ҷӯразода “Сипоснома”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.