Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

“Ҳама рафтанд, ба ҷуз Тоҷикистон”: консулиҳо Мазори Шарифро тарк мекунанд

Манобеъ мегӯянд, консулиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Мазори Шариф, шаҳри муҳимтарини шимоли Афғонистон фаъолиятҳояшонро қатъ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Як манбаъ дар Шӯрои вилоятии вилояти Балх ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз 9 кишваре, ки дар Мазори Шариф консулӣ доштанд, фақат ду кишвар дарҳои худро набастаанд.
“Вақте аз онҳо суол шуд, гуфтанд, ки мо муваққатан маъмуриятамонро ба Кобул мекӯчонем. Дақиқан, сабабашро нагуфтанд, аммо эҳтимолан ин ба вахомати авзоъ дар вулусволиҳо ва ҳам муҳосира шудани шаҳри Мазори Шариф бастагӣ дорад. Консулгарии Ӯзбекистон нима фаъолият мекунад, масалан, судури визаро қатъ кардааст, ки яке аз вазифаҳои муҳимаш аст. Амалан, консулгарии Тоҷикистон пурра фаъолият дорад”, - гуфт манбаъ.
Аз соли 2001 ба ин сӯ дар Мазори Шариф 9 кишвар - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон, Русия, Ҳинд, Туркия, Олмон ва Туркманистон консулгариҳои худро боз карда буданд.
Дар гузашта ҳаводиси хунине бо консулиҳои хориҷӣ дар Мазори Шариф иттифоқ афтода буд. Маргбортарини онҳо 8 августи 1998 рух дод, ки пас аз забти Мазори Шариф аз сӯи Толибон 11 дипломат бо иттифоқи як хабарнигори эронӣ кушта шуданд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* умеди бар оянда мекунанд: бо Афғонистон чӣ мешавад - навор
Ҳодисаи дигар инфиҷори мина дар назди консулии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф буд, ки 10 ноябри 2016 рух дод ва 6 нафарро куштаву 120 тани дигарро захмӣ ба ҷой гузошт.
Тоҷикистон моҳи январи соли 2002 пас аз суқути Толибон дар Кобул сафорат ва баъдтар дар Мазори Шарифу шаҳрҳои Кундузу Файзободи Афғонистон консулиҳои худро боз кард. Соли 2016 консулиҳо дар Кундузу Файзободро “ба далоили амниятӣ” муваққатан баста буд.