ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Муҳибуллоҳ Нурӣ, яке аз раҳбарони муқовимати мардумӣ алайҳи Толибон* дар вилояти Тахор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ бо нерӯҳояш дар самти Дарознови шаҳри Толиқон бо нерӯҳояш даргири ҷанг бо Толибон* буд.
“Ӯ як фармондеҳи матраҳи хезишҳои мардумӣ буд. Чанд рӯзи пеш паҳпод (дрон)-ҳои Толибон манзили ӯ дар шаҳри Толиқонро ҳадаф гирифта, писараш ҳам захмӣ шуда буд. Дирӯз бегоҳ хабар расид, ки ҳангоми набард аз тири Толибон* ба шаҳодат расидааст”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ аз ноқилини паштуни Шимол аст, ки бобояш замони Нодирхон аз вилояти Лугар ба Тахор омада, дар минтақаи Қарабарчови марбути шаҳри Толиқон сукунат ихтиёр карда буданд.
Замони ҷиҳоду муқовимат аз фармондеҳони Ҷамъияти исломӣ ва таҳти амри Аҳмадшоҳ Масъуд буд. Дар замони Ҳомид Карзай як муддат дар вазифаи фармондеҳи пулиси вилояти Тахор низ кор кардааст.
“Марги ӯ як талафоти бузурге барои муқовимати зиддитолиб дар Тахор аст. Ҳарчанд паштунҳо аксар ҳамқавмҳояш буданд, аммо аз ақидаи худ ҳеҷ гоҳ, ҳатто бар ивази пулҳои ҳангуфт, нагашт, роҳашро тағйир надод ва ҳамразмонашро нафурӯхт”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, ҷангҳои шадид дар атрофи Толиқон миёни неруҳои ҳукумативу хезишҳои мардумӣ ва Толибон* идома доранд. Дар ҳоли ҳозир, тамоми 16 вулусволии вилояти Тахор таҳти идораи Толибон* аст ва танҳо маркази он – шаҳри Толиқон дар идораи ҳукумат мебошад.
Созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар