Толибон* аз шомил шудани гурӯҳҳои этникии тоҷикҳо дар ҳукуматашон хабар доданд

Намояндагони Толибон дар Маскав гуфтанд, киҳо ба ҳукумати ташкилкардаашон шомил шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Дар Маскав аъзои ҷунбиши радикалии Толибон *, дар рафти музокирот гуфтанд, киҳо ба раҳбарии ҳукумате, ки онҳо ташкил кардаанд, ворид шудааст, менависад Интерфакс.
Ба гуфтаи намояндагони Толибон, ки ҳайати онро Шайх Шаҳобуддини Диловар сарварӣ мекунад, гурӯҳҳои этникии тоҷикон дар раҳбарияти ҳукумати аз ҷониби Толибон ташкилшуда, намояндагӣ мекунанд.
Онҳо қайд карданд, ки ҳукумати онҳо дар заминаи ислом таъсис ёфтааст, барои ташаккули давлат принсипҳои махсус дорад, ки ба дониши диншиносон асос ёфтааст.
Фирӯз Рамазон: ҳадафи "Толибон"* на танҳо Афғонистон, балки Осиёи Марказӣ ҳам ҳаст
Илова бар ин, аъзои Толибон * дар музокирот дар Маскав изҳор доштанд, ки ҳадафи "ҳукмронӣ дар тамоми қаламрави" Афғонистонро нагузоштаанд ва гуфтанд, ки давлати навро чӣ гуна мебинанд.
Толибон тавассути муколама омодаанд "як низоми давлати мустақил ва озоди исломиро" ба вуҷуд оранд, ки тавонад худро боздорад ва "қаламрави худро дифоъ кунад."
Дар қаламравҳои ишғолшудаи Афғонистон ҷангиён метавонанд дубора аморат эълон кунанд, ба мисли он ки аз соли 1996 то 2001 буд.
Хотиррасон менамоем, ки як ҳайати дафтари сиёсии ҳаракати Толибон * иборат аз чор нафар барои баррасии вазъ дар шимоли Афғонистон ба Маскав омад.
* ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия