ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ситоди шаҳрии пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Душанбе, дар бозори “Меҳргон” бо кормандону фурӯшандаҳо мулоқот баргузор кард.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дар вохӯрӣ муовини раиси Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода изҳор дошт, ки вақтҳои охир баъзе аз сокинону меҳмонони пойтахт нисбат ба саломатии худ ва атрофиён беэътиноӣ зоҳир мекунанд.
“Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ тамоман истифода намебаранд, ки чунин муносибат дар ниҳоят ба хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии коронавируси COVID-19 оварда мерасонад”, - ҳушдор дод Мӯинӣ.
Манбаъ афзуд, гурӯҳҳои корӣ дар тамоми бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо маълум кард, ки шумораи зиёди сокинон ва масълину фурӯшандагон аз ниқоб истифода намекунанд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шаванд.
Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш ва талаб менамояд, ки нисбат ба саломатии худ ва наздиконашон бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондан аз сирояти COVID-19 тибқи дастур ва тавсияи табибон пайваста амал намоянд.