ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҳаракати Толибон* барои гуфтушунид бо кишварҳои дигар омода аст, хабар дод РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии идораи ин ҳаракат дар Қатар, Муҳаммад Наим.
“Агар бархе кишварҳо дар муносибат бо Афғонистон мушкиле дошта бошанд, бигузор гӯянд, ки онҳоро чӣ ташвиш дода истодааст. Мо бо касе мушкил надорем ва агар душворие пайдо шавад, барои ҳамдигарфаҳмӣ омодаем, метавонем сари миз нишинему масоилро баррасӣ намоем. Дар ин масъала мушкиле нест”, - изҳор дошт Наим.
Ӯ таъкид намуд, ки кишварҳои ҳамсоя набояд аз сарҳадоташон хавотир шаванд, аммо дар баробари ин набояд ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Толибон* қисми зиёди марзи Афғонистон бо кишварҳои ҳамсояро ғасб карда, низомиёни расмиро водор ба фирор ба кишварҳои ҳамсоя намудаанд.
Ахиран дар қисмати гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ, ки тариқи он садҳо фирорӣ ба Тоҷикистон гузаштанд, Толибон* парчами расмии Афғонистонро барканда, парчами худро насб намудаанд.
Мақомоти ВМКБ, шумораи гурезагонро, ки ба қаламрави вилоят паноҳ бурдаанд, беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки гуфта мешавад, миёнашон занону кӯдакон низ мебошанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар