ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия аз ҳамаи донишгоҳҳо даъват кард, ки раванди эмгузаронии донишҷӯёни хориҷӣ бар зидди коронавирусро ба зиммаи худ гиранд, хабар медиҳад форуми ҷавонон "Территория смыслов".
Ба гуфти муовини вазири маориф Петр Кучеренко, ки дар форум суханронӣ кард, ба донишгоҳҳои Русия тавсия дода мешавад, ки донишҷӯёни хориҷиро эм кунанд.
"Ҳамчунин, масъалаи эътирофи шаҳодатномаҳои хориҷии эмгузаронӣ низ баррасӣ мешавад", - гуфт Кучеренко.
Ҳамзамон, роҳбари Вазорати маориф ва илм Валерий Фалков қаблан изҳор дошта буд, ки то ҳол дар бораи роҳ надодани донишҷӯёни эмнашуда ба таҳсили рӯзона ягон қарор қабул нашудааст.
Донишгоҳҳо ҳуқуқ доранд мустақилона роҳ додан ё надодани донишҷӯёни эмнашударо ба дарсҳо ҳал кунанд, чун эмкунии донишҷӯён ихтиёрӣ аст.
Фалков инчунин даъват кард, ки ҳуқуқи донишҷӯёни эмнашуда поймол нашавад ва барояшон "шароити хуби таҳсил" дар донишгоҳҳо фароҳам оварда шавад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илм тавсия додааст, ки кормандон то 25 августи соли 2021 дар минтақаҳое, ки эмгузаронии ҳатмӣ аст, ваксин гиранд.
Пештар хабар дода шуд, ки Русия барои эмгузаронии донишҷӯёни хориҷӣ алайҳи коронавирус омода шудааст.
Вазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко гуфт, ки партияи якуми дору бар зидди сирояти нави коронавирус омода аст, то ҳамаи донишҷӯёни Русия эм карда шаванд.