ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Муборизи UFC-и Конор Макгрегори ирландӣ барои рақиби амрикоияш Дастин Поре паём фиристод.
Варзишкор сабти овозашро дар Твиттер нашр кардааст.
"Дастин ... як ҷаҳиш ... ва ман ба сари ту меравам", - гуфтааст Макгрегор.
Рӯзи 11 июл муборизони номдорро муҳорибаи сеюм интизор аст.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, варзишкори амрикоӣ бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Муборизаи дуввум моҳи январи соли равон сурат гирифт. Он замон Поре дар даври дуввум Макгрегорро нокаут кард.
Ин аввалин бохти нокаут дар карераи варзишкори ирландӣ мебошад.
Макрегор дар фаъолияти касбии худ дар муҳорибаи омехта 22 пирӯзӣ ва панҷ шикаст дораду Поре шаш шикаст ва 27 пирӯзӣ.
Онҳо ҳамсоланд ва 32 сол доранд.
Ёдрас мешавем, ки пештар UFC дар саҳифаи расмиаш дар YouTube қабл аз набарди варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор ва муборизи амрикоӣ Дастин Поре навори диданӣ нашр кард.
Дар навор аз суханони Президенти 26-уми Иёлоти Муттаҳида Теодор Рузвелт иқтибос оварда мешавад, ки мегӯяд, инсон дар арена кист ва бояд чӣ хислатеро доро бошад.
Дар навор лаҳзаҳои диданӣ ва эҳсосоти ҳарду варзишкор пас аз бурду бохтҳо нишон дода шудааст.