Кормандони "Сбербанк"-ро гаравгон гирифтанд - навор

Аз манзиле, ки дар табақи якумаш бонк ҷойгир аст, сокинонро кӯчониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Се кормандони яке аз "Сбербанк"-ҳои шаҳри Тюмени Русияро гаравгон гирифтанд, хабар медиҳад РИА Новости. Иттилоъро ВКД Русия низ тасдиқ кардааст.
Ҷинояткор бо дастгоҳи таркандаи худсоз таҳдид карда, 15 миллион рубл талаб намудааст. Феълан танҳо маълум аст, ки гаравгонҳо кормандони бонк мебошанд.
Кормандони пулис биноро иҳота кардаанд, ҳаракати мошинҳо дар кӯчаи назди бино боздошта шудааст. Аз манзиле, ки дар бинои якуми он бонк ҷойгир аст, 50 нафарро кӯчонидаанд.
Бино бар иттилои расонаҳо, мард ҳудудан соатҳои 7:20, бо вақти Маскав вориди бонк шудааст ва ба борхалтааш ишора карда гуфтааст, ки дастгоҳи мунфаҷира дорад ва агар пул надиҳанд, онро метарконад.
Кормандони бонк бо мард гуфтушунид карда, қисме аз кормандон ва мизоҷони бонкро сар додаанд.
Ба ҷои ҳодиса Руслан Кухарук, шаҳрдори Тюме низ ҳозир шудааст.
Аз "Сбербанк" ба РИА Новости гуфтанд, ки бо мақомоти пулис барои ҳалли ин қазия дар иртибот ҳастанд.
Бино бар иттилои расонаҳо, мард баъди гирифтани 15 миллион рубл, шарти нав гузоштааст -кормандони пулис аз бино дур шаванд ва ба ӯ халал нарасонанд.
Аммо пулис ӯро дастгир кардааст. Дар рафти амалиёт касе осеб надидааст.