ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Кобули расмӣ наметавонад қудратро нигоҳ дорад, изҳор дошт генерал-лейтенанти эҳтиётӣ Евгений Бужинский, роҳбари Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва ҳарбии факултаи сиёсати ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии Маскав.
Генерал – лейтенанти эҳтиётӣ муътақид аст, ки Толибон* дар моҳҳои наздик пойтахти Афғонистонро забт хоҳанд кард.
Ин коршиноси ҳарбӣ дар барномаи радиои "Говорит Москва" шикасти эҳтимолии ҳукуматро бо сатҳи пасти омодагии артиш рабт дод.
"Вақте ки нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд, артиши ин ҷумҳурӣ хеле беҳтар омода буд. Ҳоло сатҳи омодагии қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон хеле пасттар аст, аз ин рӯ ҳама чиз хеле зуд хоҳад буд ва Кобул дар моҳҳои наздик гирифта хоҳад шуд. Бештари қаламрави Афғонистон таҳти назорати Толибон* хоҳад буд", - гуфт Бужинский.
Вазъ дар Афғонистон тайи ҳафтаҳои охир дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ "шиддат гирифт".
Толибон* дар шимоли кишвар маъракаи фаъоли низомӣ гузаронида, як қатор шаҳристонҳои муҳим ва якчанд гузаргоҳҳои марзиро забт карданд. Кишварҳои ҳамсоя аз ин вазъ изҳори нигаронӣ кардаанд.
Дар робита ба тезутунд шудани вазъ дар Афғонистон, Тоҷикистон ҳифзи марзро тақвият дод. Русия борҳо омодагии худро барои кумак дар сурати ташаннуҷи вазъ дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон изҳор дошта буд.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия