ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқот бо роҳбарони ВМКБ аз қабули фирориёни Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон тавсиф кардаанд.
"Қабули гурезаҳо аз Афғонистон , бахусус ҳарбиёни силоҳдор дар як шароити муташанниҷи минтақа, мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва бахусус дар шароити хуруҷи касалии коронавирус худ як мисоли барҷастаи масъулияти баланди Тоҷикистон дар назди башарият аст", - таъкид шудааст дар мулоқоти Файзов бо намояндагони шарикони рушд.
Ба иттилои манбаъ, раиси ВМКБ аз амалҳои иҷрокардаи мақомоти иҷроияи ҳокииияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кори сохторҳои қудратӣ барои таъмини будубоши гурезагон ва мушкилот ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ёрирасон маълумот дод.
Таъкид шудааст, ки мақомот бо кулли сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва аҳолӣ корбарӣ намуда паноҳбурдагонро бо ғизо, рахти хоб, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраҳо ба қадри имкон таъмин карда истодааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ мегӯяд, ҳадафи дигари ин мулокот ҳамкории минбаъда бо СММ ва Бунёди Оқохон дар мавриди вазъи Афғонистону ҷой додани фирориён мебошад.
Манбаъ афзуд, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар ин самт танҳо набуда, созмонҳои мазкур, сафоратҳо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ кишварро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот масъалаи муайян намудани мавқеи гурезаҳо ва нақшаҳои минбаъдаро муайян ва тасдиқ намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи амалиёти созмони террористии мамнуъ - Толибон дар шимоли Афғонистон садҳо нафар аз ин кишвар ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.