ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки музокирот ва раванди сулҳ дар рӯзҳои наздик суръат хоҳад гирифт ва интизор меравад, ки вориди марҳилаи муҳиме шавад ва табиатан ба нақшаҳои сулҳ тамаркуз хоҳад кард.
"Даври охирини музокирот ба марҳилаи ҳассос расидааст. Эҳтимолан як моҳ тӯл хоҳад кашид то ба марҳилае бирасем, ки тарафайн барномаи сулҳи мактуби худашонро ба иштирок бигзоранд. Гарчанде мо (Толибон) дасти болоро дар майдони набард дорем, мо дар бораи музокирот ва гуфтугӯи бисёр ҷиддӣ ҳастем”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико дар вокуниш ба изҳороти намояндаи Толибон гуфт, ки музокирот ягона роҳи хатми ҷанги 40-сола дар Афғонистон аст.
"Мо аз ҳарду ҷониб даъват мекунем, ки вориди музокироти ҷиддӣ барои таъйини як нақшаи роҳи сиёсӣ барои ояндаи Афғонистон шаванд, ки ба як роҳкори одилона ва пойдор бирасад. Ҷаҳон таҳмил бо зӯр як давлат дар Афғонистонро нахоҳад пазируфт. Кумак ба давлате дар Афғонистон танҳо дар сурате имконпазир мешавад, ки ин давлат эҳтироми асосӣ ба ҳуқуқи башарро риоят кунад”, - афзуд сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико.
Дар ҳамин ҳол, Наҷия Анварӣ, сухангӯи Вазорати сулҳи Афғонистон тасдиқ кард, ки музокирот байни афғонҳо аз сар гирифта шудааст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар