ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Духтур ва ровии телевизион Александр Мясников дар барномаи шабакаи телевизионии "Россия-1" дар бораи беҳтарин ва осонтарин роҳи дароз кардани умр сухан гуфт, хабар медиҳад РИА Новости.
Коршинос таъкид кард, ки машқи ҷисмонӣ метавонад ба инсон дар ҳар синну сол ва ҳатто бо бемориҳои вазнин, аз ҷумла саратон кумак кунад.
"Бемори саратон дар бистар хобида, аз ҷой барнамехезад. Агар ӯ машқҳои муайянеро иҷро кунад, умраш дарозтар мешавад", - хулоса кард табиб.
Мясников қайд кард, ки барои машқ кардан сарфи маблағ барои мураббиён ва фитнес-клубҳо шарт нест.
"Аз лифт даст кашед! Ба ҷое рафтан лозим аст, пиёда равед. Дар як рӯз ҳадди аққал панҷ километрро тай кардан лозим аст. Шумо бояд бештар истед, на нишинед", - тавсия медиҳад пизишк.
Коршинос маслиҳат дод, ки ба давидан, шиноварӣ, сайругашт ва дигар намудҳои фаъолияти ҷисмонӣ бояд бештар таваҷҷӯҳ кунем.