ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Тамос бо ҳавопаймои Ан - 26, ки самти Палан парвоз дошт, канда шуд, менависад РИА Новости бо такя ба котиботи ҳукумати ин минтақа.
Дар Вазорати ҳолатҳои фавқулода изҳор доштанд, ки ҳавопаймо бо 20 сарнишин парвоз кард ва феълан ширкати "Камчатские авиалинии" суқути онро тасдиқ накардааст.
Маълум аст, ки дар ҳавопаймо 6 нафар ҳайати экипаж ва боқимонда ҳама мусофирон қарор доштанд. Ҳамчунин миёни мусофирон як кӯдак низ ҳаст.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти минтақа, экипаж дар вақти муайяншуда ба тамос набаромад ва ҳавопаймо аз радар нопадид шудааст.
Илова бар ин, маълум аст, ки тамоми хадамоти оперативӣ дар ҷараён гузошта шуданд ва ҷустуҷӯи ҳавопаймо идома дорад.
Ҳоло минтақаро, ки ҳавопаймои Ан-26 нопадид шудааст, ду чархбол ва як ҳавопаймои махсус таҳқиқ мекунанд.