Оё гурезагони Афғонистон дар Русия муҳоҷир мешаванд? посухи коршинос

Ташдиди вазъи Афғонистон боиси гуреза шудани аксари мардуми ин кишвар мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Директори бюрои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Маскав Абдусаттор Эсоев тавзеҳ дод, ки оё мардуми осоишта аз Осиёи Марказӣ ва Афғонистон якбора ба Русия "мегурезанд".

"Ман фикр намекунам, ки имрӯз дар пасманзари бад шудани авзоъи Афғонистон вуруди якбораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба Русия ба амал ояд", - қайд кард коршинос.

Эсоев таъкид кард, ки дар сурати муқовимати пурраи низомӣ дар Афғонистон, гурезагонро кишварҳои Осиёи Марказӣ паногоҳ медиҳанд.
Толибон* Тоҷикистонро дӯст хонданду ваъда доданд, ки ҳамла намекунанд
"Бояд вазъиятро минбаъд омӯзем ва назорат кунем, аммо ман фикр намекунам, ки Русия бояд ба вуруди мавҷи гурезагон омодагӣ бинад", - гуфт ӯ дар суҳбат бо РИА Новости.
Пештар, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова аз афзоиши эҳтимолии шумораи паноҳандагон дар минтақа гуфт.
Аввалин фирориҳо ба Бадахшони Тоҷикистон пас аз фатҳи Нусай аз сӯи Толибон*
Бояд қайд кард, ки вазъ дар минтақаи наздисарҳадии Афғонистон, бино ба арзёбии ҳукуматҳои давлатҳои ҳамсоя, муташанниқ арзёбӣ мешавад.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, тақрибан 70% сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати Толибон* аст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар